Роуминг
Дата: 22.09.2020
Роуминг чист?

Роуминг - ин имконияти сафар кардан ба хориҷ бо телефони мобилии худ ва ҳама вақт дар алоқа будан, бе тағйир додани рақами телефони худ мебошад. Одамон донистан наметавонанд, ки Шумо дар сафар ҳастед, бо гирифтани рақами Шумо чун ҳарвақта ба Шумо занг зада, ҷавоб мешунаванд.

Қоидаҳои ба кор даровардан\хомӯш кардани Роуминг

Пеш аз сафар ба кишваре, ки мехоҳед, ташриф оваред яқин кунед, ки Роуминг ҳаст.
Бо ташриф оварадан ба ин ё он кишвар телефонатонро ба кор дароред - вай ба таври худкор ба яке аз пешниҳодкунандаи шабакаҳои хизматрасонии роуминг, ба қайд гирифта мешавад. Дар мавриди ба таври худкор ба қайд нагирифтани телефони Шумо дар кишвари ташрифоварда, шабакаро “дастӣ” тавассути менюи телефонатон (ба дастурамали ба кор даровардани дастгоҳ ниг.) интихоб намоед.

Хизматрасонии Роуминг ба таври худкор ҳангоми дар тавозун аз 137,5 сомони ва зиёдтар расидани тавозун фаъол  карда мешавад, ва  ҳангоми аз 137,5 сомони ва камтар расидани тавозун хомӯш карда мешавад. Маблағи тавсияшуда барои ба кор даровардани Роуминг 275 сомони ва аз ин зиёдро ташкил мекунад.

Таваҷҷӯҳ!

Зангҳои, гузаронидашуда(переадресованные) бо зангҳои гузаронидашудаи шартии муаяйншуда, дар як қатор мавридҳо, ҳамчун занги баромад дар Роуминг аз арзишашон ду баробар зиёд нархгузорӣ карда мешаванд. Бинобар ин тавсия медиҳем, ки пеш аз сафари берун аз Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани нархгузориҳои иловагии маблағҳои пулӣ аз ҳисобатон тамоми зангҳои суроғаҳояшон дигарнамуда ва дигар намоии суроғаро ба Почтаи овозӣ хомӯш намоед.

Қоидаи занг задани муштарӣ дар Роуминг

Дар ҳузури Роуминг, Шумо бояд тамоми рақамҳоро дар андозаи пурраи байналхалқӣ гиред: + [коди мамлакат] [коди шаҳр] [рақами телефон] новобаста аз он, ки Шумо ба куҷо занг мезанед, Мисол, ба шаҳри Душанбе занг задан лозим аст: + 992 372 XХХХХХХ - ро гиред. Барои ирсоли хабарҳои SMS/MMS инчунин ба Шумо лозим аст, тамоми рақамҳоро дар андозаи байналхалқӣ гиред.

Кӯмак дар Роуминг

Бо ба миён омадани савол дар Роуминг муштарӣ метавонад муроҷиат намояд:
- ба call-center-и оператори кишвари ташрифоварда (танҳо бо масъалаи қоидаи рақамчинӣ).
- ба call-center-и «Вавилон-Мобайл», гирифтани рақам дар андозаи байналхалқӣ + 992 918 61 61 61.
Таваҷҷӯҳ! Занг ба call-center-и «Вавилон-Мобайл» ҳамчун занги баромад ба Тоҷикистон нархгузорӣ карда мешавад.

GPRS-РОУМИНГ

Инчунин, ба тамоми муштариён хизматрасонии GPRS-РОУМИНГ дастрас мебошад – дастрасӣ ба захираҳои Интернет (wap, web, e-mail, mms). Тартиби истифодабарии GPRS-роуминг ба GSM-роуминг шабоҳат дорад, муштариро лозим нест, ки дар васли телефонии мобилӣ ягон чизро иваз кунад. Дар Роуминг муштариёни «Вавилон-Мобайл» метавонанд MMS-хабарҳо* ирсол ва қабул кунанд, инчунин хизматрасонии «E-mail2MMS»/ «MMS2E-mail»: ирсол ва қабули MMS аз почтаи электронӣ истифода баранд.
Эзоҳ:
* Ирсол ва қабули MMS дар Роуминги дохили шабакавӣ дастрас мебошад, инчунин дар шабакаи хонагӣ.
* Ҳангоми дар Роуминги байналмилалӣ қарор доштан MMS-ҳои даромаду баромад бо тарофаи GPRS-трафик дар Роуминг нархгузорӣ карда мешаванд.Арзиши GPRS-трафик дар Роуминг аз кишвари воридшуда вобастагӣ дорад.

3G-UMTS/3,5G-HSDPA -РОУМИНГ

3G-Роуминг – Хизматрасоние, ки ба муштариёни «Вавилон-Мобайл» имконият медиҳад, дар Роуминг қарор дошта, видео-зангҳоро*амалӣ гардонанад. Акнун ба хориҷа сафар намуда, муштарӣ метавонад аз рӯи одат дар шабакаи 3G муошират кунад ва аз ҳама он хизматрасониҳои баланд сифат, ки ӯ дар Тоҷикистон дар шабакаи оператори худ Вавилон-Мобайл» одат намудааст, истифода барад. Хангоми доштани телефон стандарти 3G, ба муштарии дар Роуминг қарор дошта Интернети баландсуръат ва алоқаи бо сифат дастрас мебошад. Бо шарофати технологияи 3,5G-HSDPA муштарӣ дар Роуминг низ метавонад, дастраси ба Интернетро бо суръати баландтар истифода барад. Агар Шумо модеми нигоҳдорандаи стандарти HSDPA-ро дошта бошед, Шумо ба осонӣ SIM-корти худро монда, суръати рекордии Интернет дар компютери-и худ (то 3,6 Мбит\сон.) истифода хоҳед бурд. Мутобиқат бо замонавитарин технологияи шабакавии HSDPA истифодабарандагони тамоми бартариҳои Интернети мобилиро таъмин менамояд, бо дохилнамоии насби мусиқӣ, видеоклипҳо ва ғайра. * Имконияти видео-зангҳо танҳо дар ҳадди шабакаи меҳмонӣ амалӣ мегарданд.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.


Назад в список