
Хизматрасонии "Шахри Бехатар" имконияти фаҳмидани Ҷаримаҳои ба автомошинатон аз тарафи Мақомоти давлати БДА додашударо медиҳад.
Тавсифоти пурраи хизматрасонӣ:
Хизматрасонӣ дар асоси обуна пешниҳод мешавад, ки тавассути он муштарӣ метавонад оид ба ҷаримаҳо, навъи ва миқдори қоидавайронкуниҳои дар пойгоҳи додаҳои мақомоти давлатии БДА пайдошуда, маълумот гирад. Хизматрасонӣ бо усули обунашавӣ фаъолият мекунад.
Хизматрасонӣ чӣ тавр кор мекунад:
Барои пайваст намудани хизматрасонӣ USSD дархостро ба рақами кӯтоҳи *0909# ирсол намудан лозим аст. Пас аз он бо пахш кардани рақами 1 хизматрасонӣ фаъол мегардад, смс-паёмак оид ба обуна шудан ва дастур барои амалҳои оянда ворид мегардад:«Шумо хизматрасонии “Шаҳри Бехатар”-ро пайваст намудед. Арзиши хизматрасонӣ: 7TJS/моҳ. Бо пайдо шудани маълумот оид ба ҷаримаҳои қоидавайронкунии ҚҲР, ба Шумо смс-паёмак ирсол карда мешавад. СМС-паёмакро бо рақами автомошинатон (Мисол: 1234АВ01) ба рақами 0909 ирсол кунед.».
Барои қатъ намудани хизматрасонӣ: *0909*0#.
Барои гирифтани маълумот оид ба ҷаримаҳо, ирсол намудани смс-паёмак бо матни “СТАТУС” ба рақами 0909 лозим аст.
Пас аз ирсоли смс-паёмак бо рақами мошин, он дар пойгоҳи додаҳо нигоҳ дошта шуда, дар оянда маълумот оид ба ҷаримаҳо ирсол карда мешавад.
Барои ивази рақами мошин бо матни зерин смс-паёмак ирсол намудан лозим аст:«Замена_0000ХХ00 ба рақами 0909 (дар ин ҷо 0000ХХ00 рақами автомошини Шумо)».
Дар ҳолате ки рақами автомошинаи вориднамуда ба формати 0000ХХ00 ва ё 000ХХ00В дуруст наояд, он гоҳ он нодуруст ҳисобида шуда, смс-паёмак бо матни тарзи дуруст ворид намудани рақам ирсол карда мешавад:«Рақам нодуруст ворид карда шудааст. Барои гирифтани маълумот оид ба ҷаримаҳо, смс-паёмак ба рақами 0909 бо рақами автомошини Шумо (Мисол 1234 АВ01) ирсол намоед».
Маълумот оид ба ҷаримаҳо ба намудани смс-паёмак бо матни зерин ворид мегардад:
- Намунаи матн:
«Ба автомошини Шумо ҷарима (мавқеи (статуси) он) барои «навъи қоидавайронкунӣ, сана ва ҷой», дар санҷиши ҷарима Х, ҷаримаҳои тасдиқшуда Х. Миқдори умумии ҷаримаҳо-1».
Маълумот оид ба ҷаримаҳо новобаста аз вақти ирсоли дархост ворид мегардад. Ҳангоми пайдо шудани ҷарима дар пойгоҳи додаҳо, ки ба БДА ирсол карда мешавад, маълумот оид ба он ирсол карда мешавад. Маълумот барои як ҷарима як маротиба ҳангоми пайдо шудан ирсол карда мешавад. Ҳангоми бо рақами автомошинаи воридшуда ҷарима баста нашуда бошад, он гоҳ дар 10 рӯз 1 маротиба паёми: «Ба автомошини Шумо ҷарима баста нашудааст» ирсол карда мешавад.
Дар хизматрасонии мазкур имконияти дида баромадани аксҳои қоидавайронкуниҳо, ки бо гирифтани смс-паёмак бо нишондод амалӣ мешавад, мумкин аст.
Арзиш: Хизматрасонӣ дар асоси обуна пешниҳод мешавад. Обунаи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ 7 сомониро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад
Арзиши ивази рақами Автомошин: Барои ҳар як ивазкунӣ пардохти яккарата ба миқдори 7 сомонӣ муайян карда шудааст.
Назад в список

